Зафари конибодомиҳо

Октябрь 4, 2011 10:45

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дирӯз деҳқонони зафарманди ноҳияи Конибодом бо шарофати меҳнати аҳлонаву пурмаҳсул, риояи талаботи агротехникӣ, интизоми хуби меҳнат ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда   ба хирмани Ватан беш аз 12 500 тонна пахта рехта, нақшаи солонаро  100, 1 фоиз иҷро намуданд, ки нисбат ба нақшаи соли гузашта 2 500 тонна  зиёд мебошад.Дар рӯёнидани ҳосили бобаракати «тиллои сафед» саҳми деҳқонони тамоми хоҷагиҳо, мутахассисону масъулини соҳаи  кишоварзӣ, механизаторону чинакчиён ва ҳашарчиён назаррас буда, нақши Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров, Н.Қарабоев, «Патар», «Ирам» ва «Дӯстӣ» басе калон аст.Тибқи иттилои раиси шаҳри Конибом Н. Обидов ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон буда, ҷамъоварии он босуръат идома дорад. Деҳқонон ният доранд, ки 1000 тоннаи дигар пахта супорида, дар оростани хирмани бобаракати пахтаи ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Октябрь 4, 2011 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд