Захираи дусолаи озуқа доранд

Октябрь 10, 2011 14:21

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Ба  камзаминии  навоҳии  ВМКБ  нигоҳ  накарда,  сокинони  мавзеъҳои  алоҳидаи  Бадахшон  на танҳо худро  бо  ғаллаи  яксолаи  худӣ таъмин  мекунанд, балки онро барои  солҳои  оянда  низ  захира менамоянд. Яке  аз  чунин  маҳаллот  деҳаи  Рини   ноҳияи  Ишкошим  мебошад. Дар  ин  ҷо  замини  ҳамвору ҳосилхез  зиёд аст. Ба гуфти  сокинони  деҳаи  Рин Хушқадам Қадамов,  ҳамаи  сокинони  деҳа  соҳиби қитъаи  замин  буда  ва  ҳар  яке барои оилааш  ба таври  кофӣ озуқа  захира  менамояд. Дар  ноҳияи  Ишкошим  на танҳо  сокинони  деҳаи  Рин,  балки  қариб  ҳамаи  сокинони  деҳаҳои  дигар  ҳам  захираи  яксолавву  дусолаи  озуқа  доранд.

Октябрь 10, 2011 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд