Ғалабаи футболбозони «Истиқлол»

Ноябрь 1, 2011 16:55

 Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дастаи «Истиқлол» дар варзишгоҳи Авиатори пойтахт дар доираи  чемпионати ҷумҳурӣ дастаи «Хуҷанд»-ро ба ҳузур пазируфта бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад. Дар дақиқаи 34 бозингари даста  Дилшод Восиев муваффақ шуд, ки ҳисобро кушояд. Дар нимаи дуюми бозӣ дар дақиқаи 50-ум муҳофизатгари меҳмонон дар ҷаримагоҳ бо дасташ бозӣ кард ва довари вохӯрӣ Диловар Орзуев ба дарвозаи «Хуҷанд» ҷазои 11-метра, пеналти таъин кард. Онро Юсуф Рабиев ба ҳадаф расонид ва вохӯрӣ бо натиҷаи 2 бар 0 ба поён расид.

Ноябрь 1, 2011 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд