Ҳифзи саломатии модару фарзанд
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Тансиҳатии репродуктивии аҳолӣ: проблемаю дастовардҳо» — чунин буд мавзӯи конфронси илмию амалӣ, ки дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии момоӣ, гинекология ва перинатология баргузор гардид.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Конфронс бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ташкилу доир намудани конфронсу семинарҳои илмию амалӣ» созмон дода шуд. Дар кори конфронс беш аз 80 нафар олимони ҷавон ва мутахассисони бахши ҳифзи саломатии модару фарзанд иштирок намуда, дар он беш аз 28 маърӯза перомуни дастовардҳо ва проблемаю дурнамои рушди тансиҳатии репродуктивӣ дар Тоҷикистон шунида шуд. Мувофиқи суханони манбаъ, мақсади асосии ин чорабинӣ иборат аз табодули таҷрибаи олимони ҷавон, ҳамчунин мубоҳисаи муфассал марбут ба масоили тансиҳатии репродуктивии аҳолӣ буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






