Ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои давлатҳои аъзои ИДМ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Маҷлиси Шӯрои вазирони дифои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз ёфт, ки дар он беш аз 20 масоили марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷонибаи шариконаи вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ мешаванд.Тавре хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ дод, сарони мақомоти дифоъ маҷмӯаи масоилро ҷиҳати баланд бардоштани низоми воҳиди Қуваҳои ҳарбию мудофиавии ИДМ, рушди низоми иттилоотию таҳлилӣ оид ба таъмини парвози бехатари ҳавопаймоҳо, татбиқи низоми навигатсионии муваққатӣ ва таъмини топогеодезии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Иттиҳод, таъсиси Низоми воҳиди назорат ва баҳогузорӣ ба ҳолати радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии вазоратҳои дифои давлатҳои Иттиҳод муҳокима мекунанд.Аз ҷумла, иштирокчиёни ҷаласа аз фаъолияти мақомоти кории Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар соли 2011 натиҷагирӣ намуда, ҳамчунин нақшаи кории шӯро барои соли 2012-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.Тибқи иттилои манбаъ, татбиқи Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ, ки давраи то соли 2015-ро фаро мегирад, бояд заминаи идомаи интегратсия дар ин ҷода гардад. Ҳуҷҷати мазкур давоми мантиқии ҳифозат ва рушди муносибатҳои ҷойгузин ва нав мебошад.Дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев иштирок дорад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






