Андешаи А. Бурҳонов ботил аст:Роғунро бояд бунёд намуд!
Аслан ба профессори то ҳол ба ман номаълум дар худи поварақи маводи изҳори андешааш (нигаред: сайти http://www.news.tj agency@asiaplus.tj) хонандагон дар шарҳи худ ҷавобҳои хеле мувофиқ доданд. Бо вуҷуди ин дар нашрияи бонуфузи кишвар нашр шудани андешаи профессор А.Бурҳонов бо номи «ТАДЖИКИСТАНУ НУЖНО ОТКАЗАТЬСЯ ОТ СТРОИТЕЛЬСТВА РОГУНСКОЙ ГЭС» маро, ки зиёда аз 15 сол боз ба таҳқиқу омўзиши проблемаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди нерўгоҳи барқи обии Роғун машғулам, ҳайрон кард ва натавонистам, ки ҷавоб нагардонам.Рости гап, ман намедонам, ки профессор А.Бурҳонов кист, то имрўз ному насаби ўро нашундаам ва намедонам, ки ба таҳқиқи кадом масъалаи техникӣ машғул аст. Вале баъди ошноӣ пайдо намудан бо андешаҳояш аниқ фаҳмидам, ки дар масъалаи бунёди Роғун, аниқтараш таклифи ў бобати аз бунёди Роғун даст кашидани Тоҷикистон — мутлақо хато мекунад. Аслан, ў ягон далели наву тоза ва боварибахш изҳор накардааст; ҳамон гапҳои кӯҳнаро, ки мухолифони Роғун даҳсолаҳо боз мегўянд ва ҳадафашон тамоман чизи дигар — иғвову дасиса барангехтан ва пешрафти иқтисодии кишвари мо монеа эҷод намудан аст, тӯтивор аз нав такрор кардааст.Масалан, Бурҳонов изҳор медорад, ки барои сохтмони иншооти шабеҳи нерўгоҳи Роғун вақти зиёд меравад ва барои мисол Роғун даҳсолаҳо боз, аз даврони Иттиҳоди Шўравӣ инҷониб, сохта шуда истодааст. Профессор Бурҳонов инро мегўяд, вале ё намедонад ё медонаду гуфтан намехоҳад, ки аз 10 июли соли 1972 – аз рўзи оғози сохтмони НБО-и Роғун сар карда то ба имрўз, фаҳмидаву нафаҳмида, балки аз рўи ғаразу супориш, ба бунёди Роғун чӣ қадар халал ворид шудааст!? Вагарна нерўгоҳи Роғун дар кишвари мо кайҳо бунёд меёфт ва мардум имрўз аз норасоии нерўи барқ азоб намекашид; балки манфиати Роғун алаккай – ҳам бобати таъмини барқ ва ҳам обёрӣ — ба тамоми минтақа мерасид. Аз тарафи оғои Бурҳонов таъкид шудани масъалаи зери об мондани минтақаи сохтмон боз як бори дигар бо ҳиссиёти халқ бозӣ кардан аст. Аз афташ ў намедонад ё донистан намехоҳад, ки мардуми ин минтақа ба хотири бунёди Роғун ва пешрафти иқтисодии кишвар тайёранд, ки маҳалли зисти худро тағйир диҳанд ва онҳо якдилона ба бунёди Роғун саҳм мегузоранд. Андешаҳои оғои Бурҳонов бобати хатари Обанбори Роғун ва ба бунёди нерўгоҳҳои нисбатан хурд бояд мароқ пайдо намудани Тоҷикистон низ андешаҳои нав не, балки он фикрҳоеанд, ки бе ягон асос солҳо боз аз ҷониби мухолифони Роғун таҳмил мешаванд.Ҳамин тариқ, оғои Бурҳонов худро мухолифи ашаддии бунёди Роғун қаламдод намуда, шояд ба гўшаи хотир наовардааст, ки халқи Тоҷик, ки соҳиби ин қадар захираҳои мӯҳташами обию-энергетикист, чаро бояд аз бебарқӣ дар азоб бошад!? Дар ҳолате, ки бунёди маҷмааи энергетикии Роғун иншооти мукаммал, манфиатбахш, манбаи нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, чандин маротиба аз ташхиси мўътамад гузаштааст. (Дар ин бора маводи зиёд дастраси хонандагон аст ва ман ҳоло намехоҳам гапро дароз кунам.)Бале, Роғунро бояд бунёд намуд! Кайҳо исбот шудааст, ки барои ин халқи Тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи комил доранд ва барои рушду нумўи кишвари мо, дар навбати аввал — барои дароз кардани фаъолияти НБО-и Норак Роғунро бояд бунёд намояд.Ва бунёд ҳам менамояд! Аз рўи далелҳои Бонки умумиҷаҳонӣ баъд аз даҳ сол талаботи минтақаи Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ 180 миллиард киловатт.соат ташкил хоҳад дод, баъди 15 сол , 206 миллиардро. Ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки тазйиқи Роғун аз чӣ сарчашма мегирад ва чӣ сабабҳо дорад. Дар сурате, ки захираи гидроэнергетикии кишвари мо 525 миллиард киловатт.соатро ташкил медиҳад, хоҳанд нахоҳанд мо аз ин боигарии табии худ истифода хоҳем бурд. Аз ин рў, дар ин бора надониста ё дониставу мақсаднок гапи ҳавоӣ гуфтан танҳо нишонаи бесалоҳиятӣ нест, балки ба осиёби онҳое, ки аз беруни марз ба Роғун дандон нишон дода истдодаанд, об рехтан аст.Дар воқеъ, А. Бурҳонов кист?- на аз кормандони сайти Оҷонси иттилоотии «Азия плюс», на аз ҳалқаи олимон ва мутахассисони соҳаи энергетика ҷавоби аниқе дарёфт карда натавонистам. Фақат тахмин кардан мумкин, ки ин шахс аз мушкилоти соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, инчунин аҳамият ва манфиати Роғун хуб огоҳ нест. Ё…? Нозир ЁДГОРӢ, нависанда.