Даргузашти журналисти маъруф

Ноябрь 18, 2011 15:56

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Субҳи имрӯз пас аз бемории начандон тӯлонӣ журналисти маъруфи тоҷик Ҷумъабой Толибов дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич (Ҷумъаи Толиб) 25-уми январи соли 1960 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд. Соли 1979 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултаи журналистика) дохил шуда, соли 1984 таҳсилро ба анҷом расонидааст.Аз соли 1989 то 1994 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (факултаи ҳуқуқшиносӣ) таҳсил кардааст. Солҳои 1984-1994 дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба сифати мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Солҳои 1994-1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ ва солҳои 1998-2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд. Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.Аз соли 1987 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд ва унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»-ро дошт.

Ноябрь 18, 2011 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд