Футболбозони тими мунтахаб дар Тошканд

Ноябрь 15, 2011 16:17

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон соати 18 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии худро дар даври панҷуми марҳилаи аввали гурӯҳии муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон – 2014 бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мегузаронад. Дирӯз футболбозони мо тамрини худро дар ҳавои сарду номусоид, зери бориши барф барпо карданд. Дар нишасти матбуотие, ки субҳи имрӯз барпо гардид, маълум шуд ,ки ҳамлагари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Максим Шатских дар бозӣ бо тими мо иштирок нахоҳад кард. Сармураббии мизбонҳо Вадим Абрамов изҳор доштааст, ки мақсади дастааш дар гурӯҳ ишғол кардани мақоми аввал мебошад. Алҳол Ҷопон ва Ӯзбекистон бо 10 имтиёзӣ дар садри гурӯҳи «С» ҷойгир шудаанд ва бозии охирини ин дастаҳо дар Ҷопон метавонад ба ин масъала рӯшанӣ андозад. Дар ин гурӯҳ имрӯз ҳамчунин бозии байни дастаҳои Куриёи халқӣ- демократӣ бо Ҷопон дар назар аст. Ғайр аз бозиҳо дар гурӯҳи «С» дар минтақаи Осиё шоми имрӯз ҳамчунин дар гурӯҳи «А» дастаҳои Сингапур бо Чин ва Урдун бо Ироқ, дар гурӯҳи «Б» Лубнон бо Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт бо Амороти Муттаҳидаи Араб, дар гурӯҳи «Д» Таиланд бо Австралия ва Арабистони Саудӣ бо Уммон, дар гурӯҳи «Е» Индонезия бо Эрон ва Қатар бо Баҳрайн вомехӯранд.

Ноябрь 15, 2011 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд