Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Ноябрь 21, 2011 10:13

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар интихоботи парлумони Испаниё, ки 20 ноябр баргузор гардид, Ҳизби халқӣ ғалаба кард. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, Ҳизби халқӣ 44, 62 фоизи овозҳоро ба даст овардааст. Ин ба ҳизби номбурда имкон медиҳад, ки дар парлумон аз ҷумлаи 350 ҷой 186 ҷойро ба даст орадхххРӯзи якшанбеи гузашта дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳираи Миср камаш 11 кас ҳалок гардид. Сабаби ин бо ҳимояи артиш намоишчиёнро пароканда намудани кормандони идораи пулис буд. Намоишчиён талаб мекарданд, ки ҳокимият аз низомиён ба мансабдорони мулкӣ супурда шавад.хххБар асари сӯхтор дар қисми шарқии шаҳри Деҳлии Ҳиндустон камаш 16 кас ҳалок гардида ва 35 кас осеб дидааст. Сӯхтор дар маркази фарҳангии шаҳр рух дод. Сабаби сар задани сӯхтор нуқсон пайдо кардани сими барқ будааст.
 
ххх
 
Туркия ҳамаи навъи тавлиди нерӯи барқро дар кишвар истифода бурданӣ шуда, бо ин мақсад имконияти рушди энергетикаи ҳастаиро баррасӣ менамояд. Тавре рӯзномаи «Сабоҳ» хабар медиҳад, сарвазири Туркия Раҷаб Тойиб Эрдуғон дар ин бора изҳорот додааст.

Ноябрь 21, 2011 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд