Изҳороти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Ноябрь 16, 2011 10:39

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ « Ховар »).- Шабонарӯзҳои охир дар Интернет мақолае таҳти унвони тумтароқи «Ӯзбекистон хадамоти сарҳадии Тоҷикистонро ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мекунад» пайдо гардид. Дар он аз ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ва ҳалокати хизматчии ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии Хадамоти амнияти милии (ХАМ) Ӯзбакистон ва аз хусуси кӯшиши аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон гузаронидани 3, 8 киллограм героин хабар дода мешавад. Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст изҳор намояд, ки ин мақола бо далелҳои ғалат чоп шудааст. Аввалан, дар маҳали ҳодиса маводи мухаддир пайдо нашуда буд ва дар ҳақиқати ҳол қочоқчиён техникаи рӯзғорро тавассути сарҳад аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон гузарониданӣ буданд. Сониян, амали қочоқчиёнро, ки бори ғайриқонуниро гузарониданӣ буданд, маҳз сарҳадбонони Ӯзбакистон ҳимоя мекарданду онҳоро барои амали ғайриқонуниашон дар қаламрави Тоҷикистон гурӯҳи сарҳадии Тоҷикистон таъқиб менамуд. Шоми 13 ноябри соли равон сарҳадчиёни мусаллаҳи Ӯзбакистон, сарфи назар аз фарёди чандинкаратаи сарҳадчиёни Тоҷикистон ба забонҳои узбекӣ ва русӣ, ҳамчунин тиркушоӣ ба манзури огоҳкунӣ, сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар назди посбонгоҳи сарҳадии «Ҳаштияк» -и гурӯҳи сарҳадии «Истарафшан» дағалона вайрон карда ва кӯшиш менамуданд, ки ба қочоқчиён мусоидат намоянд. Дар натиҷаи ин сарҳадбонони Тоҷикистон маҷбур буданд, ки барои маҳв оташ кушоянд. Дар ин маврид амали сарҳадбонони Тоҷикистон ба талабҳои «Низомномаи Қушӯнҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра мувофиқат мекунад. Рӯзи дигар бо иштироки намояндагони прокуратураи ҳарбии ҳарду ҷониб вохӯрии ҳайатҳои сарҳадӣ ташкил карда шуд. Онҳо баъди тафтиши муфассали маҳали ҳодиса хулоса бароварданд, ки дар мавриди мазкур қочоқи манқалҳои барқӣ рух додааст. Ташкилкунандаи муомилаи қочоқ шаҳрванди Ӯзбакистон зане бо номи Насиба будааст. Ҳамаи шаҳрвандони дар қочоқгарӣ иштирокдоштаи Тоҷикистон дастгир шуданд. Онҳо истинтоқ шуда ва аз рӯи ин ҳодисаи сарҳадӣ тафтишот гузаронида мешавад. Ин на бори аввал аст, ки ҷониби Ӯзбакистон ба моҳияти моҷарои рухдода сарфаҳм нарафта, таъҷилан изҳороти «ҳангомаомез»-и худро баён намуда, кӯшиш мекунад, ки сарҳадбонони тоҷикро ба қочоқи маводи мухаддир айбдор созад. Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади мураккаб насохтани вазъияти сарҳади давлатӣ барои васоити ахбори омма додани изҳороти таъҷилиро зарур надонист.Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ изҳори умедворӣ мекунад,ки минбаъд ҳамтоёни ӯзбекистонӣ фаъолияти худро дар заминаи иҷрои талаботи созишномаҳои асосии байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, тарзи одобро дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбакистон риоя карда, аз рӯи воқеаҳои сарҳадие, ки ба манофеи ҳарду ҷониб дахл доранд, тафтишоти холисонаи муштарак мегузаронанд. Роҳбарияти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ саъю кӯшишҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Ӯзбакистонро дар мавриди роҳандозӣ намудани муносибатҳои дӯстона дар заминаи ҳамкории мутақобилан муфид ва ҳамбоварӣ басо қадр карда ва ҳамеша ба гуфтушуниди самарабахшу содиқона дар масоили риояи низоми сарҳади давлатии байни кишварҳоямон омода аст.Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Ноябрь 16, 2011 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд