Кӯмак ба оилаҳои камбизоат
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Покиза Маҳмадбекова).-«Бонки Эсхата» ба 16 оилаи камбизоат ва кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҳамчунин шахсони яккаву танхо ва калонсолони шаҳри Хуҷанд кӯмаки башардӯстона расонид.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур хабар доданд, ин кӯмак аз маҳсулоти зарурӣ аз қабили орд, равған, биринҷ ва ғайра иборат аст, ки маблағи умумии он 4 ҳазор сомниро ташкил медиҳад.Қобили зикр аст, ки «Бонки Эсхата» ба муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотҳои таъмини иҷтимоӣ мунтазам кӯмак мекунад.Масалан, бонки мазкур то имрӯз ба ташкилотҳои номбурда ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ дасти ёрӣ дароз кардааст.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






