Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гузаронидани мониторингро дар муассисаҳои пӯшида меомӯзанд
Душанбе, 19 ноябрю (АМИТ»Ховар», Музаффар Рустамов). -Аз 21 то 25 ноябри соли 2011 Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Фонд ҳамҷоя бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Сафорати Британия дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии СҶ «Нота Бенне» дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тренинг мегузаронад. Тренинг ба масоили ҳуқуқи инсон ва чӣ тавр гузаронидани мониторинг оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида бахшида мешавад. Барои гузаронидани тренинг коршиносони Фонди Хелсинкий оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава, Полша) ва коршиносони маҳаллӣ даъват шудаанд. Пас аз тренинги мазкур созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсонро дар муассисаҳои пӯшидаву нимошкорои ҷумҳурӣ аз қабили муассиссаҳои рӯҳӣ, хонаҳои кӯдакон, колонияҳои ноболиғон, қисмҳои ҳарбӣ, колонияҳои ислоҳотӣ мониторинг мекунанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






