Николай Бордюжа ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (САҲА) Николай Бордюжа 1-3 ноябр дар Тоҷикистон қарор дорад. Николай Бордюжа дар ҷараёни мулоқот масоили амнияти минтақа ва муборизаи зидди экстремизм, терроризм ва ҷинояти трансмиллӣ, ҳамчунин вазъияти Афғонистонро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Хотирнишон месозем, ки ба САҲА Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Тавре ки дар ВКХ Тоҷикистон иброз доштанд, аввали ҳамин ҳафта сафари шахсону ҳайатҳои зерин ба Тоҷикистон ҷараён мегирад: аз 1 то 3 ноябр – сафари роҳбари шӯъбаи масоили Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Олмон Кристина Вайл, аз 1 то 3 ноябр – сафари муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ, аз 2 то 3 ноябр сафари роҳбари шӯъбаи сиёсати хориҷӣ оид ба масоили иқлим ва муҳити зисти Вазорати корҳои хориҷии Олмон доктор Ҳенриҳ Тёлкен ва 1 – 5 ноябр – ҳайати кумитаи ҳуқуқи инсон ва кӯмаки башардӯстонаи Бундестаги Олмон бо роҳбарии Ангелина Граф.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






