Николай Бордюжа ба Тоҷикистон меояд

Ноябрь 1, 2011 16:19

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Тавре  ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (САҲА)  Николай Бордюжа 1-3 ноябр дар  Тоҷикистон қарор дорад. Николай Бордюжа дар ҷараёни мулоқот масоили амнияти минтақа ва муборизаи зидди экстремизм, терроризм ва ҷинояти трансмиллӣ, ҳамчунин вазъияти Афғонистонро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
 
Хотирнишон месозем, ки ба САҲА Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Тавре ки дар ВКХ Тоҷикистон иброз доштанд, аввали ҳамин ҳафта сафари шахсону ҳайатҳои зерин  ба Тоҷикистон ҷараён мегирад: аз 1 то 3 ноябр – сафари роҳбари шӯъбаи   масоили Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Олмон Кристина Вайл, аз 1 то 3 ноябр – сафари муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ, аз 2 то 3 ноябр сафари  роҳбари шӯъбаи сиёсати хориҷӣ оид ба масоили иқлим ва муҳити зисти Вазорати корҳои хориҷии Олмон доктор Ҳенриҳ Тёлкен ва 1 – 5 ноябр – ҳайати кумитаи   ҳуқуқи инсон ва кӯмаки башардӯстонаи Бундестаги Олмон бо роҳбарии Ангелина Граф.

Ноябрь 1, 2011 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад