Оғози навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон

Ноябрь 8, 2011 08:33

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.Маросими оғози расмии навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Ҳисор — Шаҳринав — Турсунзода — сарҳади Узбекистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао, роҳбарони сохторҳои марбутаи кишвар ва аҳли ҷамоати ноҳияҳои ду паҳлўи ин шоҳроҳ баргузор гардид.Зимни гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин шоҳроҳи дарозиаш 66 километр бо харҷи беш аз 900 миллион сомонӣ ё худ 181 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тармиму навсозӣ қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати роҳсозии Чайна Роуди Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид дошт, ки ин кор на дар 3 сол, балки дар 2 сол, вале бо риояи тамоми талаботи ҷаҳонии сифату эътимодбахшӣ анҷом дода шавад.Бинобар таъкиди Президенти кишвар, дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар роҳсозони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб мешаванд, зеро беш аз 80% коргарон аз Тоҷикистон хоҳанд буд.Тавре зикр гардид, ин нахустин роҳи дараҷаи якуми сифат дар Тоҷикистон хоҳад буд, зеро роҳҳои дигари то ин вақт бунёдёфта ба дараҷаҳои дуюм ва сеюм тааллуқ доранд.Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат хоҳад буд.Дар паҳлуи ҷойи ин ҷамъомад, ки дар гардиши роҳи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ қарор гирифта буд, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ҳамчунин ба сохтмони як маҷмааи тиҷоратию хизматрасонӣ оғоз бахшид.Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷмаа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иборат аз тарабхона, чойхона, меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии мошинҳои гуногуни боркашу сабукрав хоҳад буд. Тибқи нақша ин маҷмаа баъд аз 2 сол ба кор медарояд ва дар он зиёда аз 300 нафар соҳиби кори доимӣ шуда, ба роҳгузарони шоҳроҳи Душанбе — Ҳисор — Шаҳринав — Турсунзода — сарҳади Узбекистон хизматрасонӣ хоҳанд кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 8, 2011 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд