Офтоб куҷоӣ?
Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзҳои оянда дар баъзе минтақаҳои ҷанубии кишвар ҳавои бебориш ва дар 70% қисматҳои дигари ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ боқӣ мемонад.Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавошиносии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо вазидани ҳавои сард аз қисмати ғарбу шимол ба кишвар муддати як ҳафта аст, ки ҳаво сарду боронист. Агар 27 октябр ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 25 дараҷа гарм буд, 28 октябр якбора ҳарорати ҳаво то 13 дараҷа паст фаромад. Инчунин дар ин муддат вазидани ҳавои намнок аз баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар низ ба ҷумҳурӣ мушоҳида гардид. Оё дар охири моҳи октябр чунин сурат гирифтани раванди ҳарорати ҳаво дар кишвар ҳолати муқаррарист? Зимни посух ба саволи мазкур Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки чунин ҳавои боронӣ дар охири моҳи октябр муқаррарӣ буда, дар аксари солҳо мушоҳида гардидааст. Ҳарорати ҳаво дар ин муддат дар водиҳо шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона 7-13 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона аз ду дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3-8 дараҷа гарм, дар пойтахт шабона 5-6 ва рӯзона 9-11 дарҷа гарм мешавад.Бояд зикр кард, ки бориши зиёди борон ва якбора сард гардидани ҳаво ба бахши кишоварзии мамлакат таъсири манфии худро гузошт, зеро чунин ҳавои сарду боронӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар зироату полезиҳо монеа эҷод мекунад, хусусан сифати пахтаи дар саҳро бударо паст мегардонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






