Ояндаи хоҷагии боғпарварии «Асадулло»
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ дар мавсими ниҳолшинонии соли 2012 дар хоҷагии боғпарварии «Асадулло», ки дар мавзеи Фахрободи вилояти Хатлон қарор дорад, беш аз 900 ҳазор навниҳоли ангури кишмиш шинонида мешавад. Ба иттилои манбаъ, майдони боғу токзори хоҷагии боғпарварии «Асадулло» ба се ҳазор гектар расонида мешавад. Барои таъмини ин хоҷагӣ бо ниҳол хоҷагии дигари ниҳолпарварӣ — «Сомон — Хатлон» дар ноҳияи Ҳисор фаъолият дорад, ки айни ҳол дар қитъаи 20-гектараи он 50 ҳазор ниҳоли зардолу, 50 ҳазор себу нок ва беш аз 100 ҳазор ниҳоли ангури кишмиш барои бунёди боғу токзори нав парвариш ва омода карда шудааст. Танҳо дар як қитъаи 13 гектараи ин хоҷагӣ беш аз 1 млн. ниҳоли ороишию сояафкан парвариш карда мешавад. Бо назардошти талаботи рӯзафзуни дохилию хориҷӣ ба ангури кишмиш, хоҷагии боғпарварии «Асадулло» ба хоҷагии махсусгардонидашудаи ангури кишмишпарварӣ табдил ёфта, дар онҳо садҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






