Паҳлӯҳои илми табиатшиносӣ

Ноябрь 15, 2011 17:06

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-«Паҳлӯҳои илми табиатшиносӣ»- чунин ном дорад асари нави рӯзноманигори шинохта ва ҷанговари солхӯрда Олег Дмитриевич Соболев, ки наздик ба 60 сол аст дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунад. Ба гуфти муаллиф ғояи таълифи асар дар дафтари кории президети Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов пайдо гардид. Барои омода ва чопи асар маводи беш аз 50 сол ҷамъовардаи муаллиф, кашфиёту бозёфтҳои донишмандон дар бораи илмҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ ва дақиқ, мавриди истифода қарор ёфтааст. Олег Дмитриевич аз жанри илмии оммавӣ, ки метавонад шумораи бештари хонандагон ва олимони ҷавонро ҷалб созад, истифода кардааст. Нависанда дар ин кори начандон осон тавонистааст хонандаро вобаста ба фаъолияти қисме аз олимони АИ, ки чун муҳаррикони назарияи илмӣ дар рушду тараққӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, ошно созад.Дар асар муаллиф сараввал дар бораи фаъолияти президентони академия: Садриддин Айнӣ, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Собит Неъматуллоев, Улмас Мирсаидов ва Мамадшо Илолов маълумот дода, сипас ба тавсифи симои эҷодии ин олимони намоён, ки дар давоми 60 соли фаъолияти Академияи илмҳо шумораашон ба 84 узв ва узви вобаста расидааст, мегузарад. Ба гуфти муаллиф ҳар кадоми ин нафарон нафақат сазовори очерк, балки китоби алоҳида мебошанд. То кадом дараҷа ба умқи илми табиатшиносӣ роҳ ёфтани муаллифи асар ба хонандаи некбин ҳавола шудааст.

Ноябрь 15, 2011 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд