Реҷаи муайян дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади пешгирии сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар қитъаҳои мушкилгузари роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе-Чаноқ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ-ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон фармоиши дуҷонибаи вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» ба тасвиб расид.Мутобиқи фармоиши мазкур ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боридани барфи зиёд, пай дар пай фуромадани тарма ва яхбандӣ дар қисми мошингарди роҳи автомобилгарди РБ01 «Душанбе-Чаноқ» (минтақаҳои мушкилгузар ва ағбаи «Шаҳристон») дар минтақаи аз деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб (км-и 42) то деҳаи Оҳангии ноҳияи Шаҳристон (км-и 169) барои ҳаракат ба воситаҳои нақлиёти сабукраве, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ва автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 тонна буда, андозаашон (бо бор ё бе бор) ба талаботи муқарраршуда мувофиқ ва бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, болиштаки зидиғелиш ва ғ) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода шавад.Вобаста ба вазъи обу ҳаво дар рӯзҳои алоҳидае, ки дар мувофиқа бо масъулини вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Агентии обу ҳавошиносӣ ва ШС «Иновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» таъйин мегардад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар минтақае, ки аз деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб то деҳаи Оҳангии ноҳияи Шаҳристон тӯл мекашад, мувофиқи реҷаи муайян ба роҳ монда мешавад:- аз соати 8:00 то 18:00-и рӯзҳои тоқи моҳ аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд;- аз соати 8:00 то 18:00-и рӯзҳои ҷуфти моҳ аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе.Шабона ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ аст.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






