Сӯҳбати телефонии Сарвари давлат бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 12 ноябр ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд. Дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи зиёд ба захираи маводи сўхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкили кори бонизоми онҳо дар мавсими сардӣ зоҳир карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ, тибқи ахбори роҳбарони онҳо, ин кор босуръат идома дорад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






