Сафорати Ҷопон озмуни беҳтарин нишонро эълон мекунад

Ноябрь 11, 2011 15:21

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бораи эҷоди нишон (логотип) бахшида ба 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нишони мазкур дар тамоми чорабиниҳои муштараки миёни Ҷопон ва Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъро ба иттилои ҳамаи шахсони манфиатдор мерасонад. Тибқи суханони манбаъ, нишон бояд таҷассумкунандаи муносибатҳои мустаҳками дӯстонаву анъанавии миёни Ҷопон ва Тоҷикистон, ҳамчунин офаридаи аслии ширкаткунандаи озмун бошад, ки пеш аз ин на дар дохил ва на дар хориҷ аз кишвар интишор ва истифода нашуда бошад.Мӯҳлати охирини қабули нишонҳо 23 ноябри соли ҷорист. Ғолиби озмун тақрибан дар нимаи моҳи декабри соли равон эълон карда мешавад. Эҷодиёти интихобшуда дар сомонаи сафорат бо ишораи ному насаб, вазифаи муаллиф ва тасвири тарҳи нишон нашр мегардад. Аз ҷониби сафорати Ҷопон ба ғолиби озмун сертификати муаллифӣ тақдим хоҳад шуд.

Ноябрь 11, 2011 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд