Семинари амалӣ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз, 17 ноябр, дар шаҳри Душанбе семинари амалии намояндагони баландпояи ҳукумат дар мавзӯи «Муҳоҷират ва нақшаи стратегии муваффақият» ба кораш шурӯъ кард.Ин чорабинӣ бо ибтикори намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон якҷоя бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Тавре дар маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни семинар мушовири Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масоили муҳоҷират собиқ вазири хадамоти муҳоҷирати Филиппин Томас Ачакосо аз таҷрибаи худ перомуни идора ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ мекунад. Дар семинар масоили мазмуну рушди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон, аҳамияти муҳоҷирати меҳнатӣ барои кишвар, дастгирии муҳоҷирон ва таъминоти иҷтимоии онҳо, ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар семинар вазирон, роҳбарони идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҶТ иштирок менамоянд. Семинар корашро то 18 ноябр давом медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






