Таъсиси Шӯрои машваратӣ дар Суғд
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25 ноябр дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи якуми Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он соҳибкорон, масъулуни бахши соҳибкории вилоят ва намояндагони ҷамъиятҳои ҳамкории байналмилалӣ иштирок намуданд.Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Шӯрои машваратиро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратии ҷумҳуриявӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис ёфт ва якчанд бор ҷаласаҳо доир намуд. Мақсади асосии созмон додани Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ рушди соҳибкорӣ мебошад. Вай соҳаи соҳибкориро дар қаламрави вилоят таҳлил намуда, аз ҷумла гуфт, ки соҳибкорон ба пешбурди ҷомеаи мутамаддин саҳми муносиб доранд. Вале, чуноне Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зикр карданд, барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ташкили коргоҳҳои хурду миёна, ҷорӣ кардани технологияҳои нав масъалаҳое ҳастанд, ки баррасии онҳо дар Шӯрои машваратӣ зарур аст. Шӯрои машваратии назди раиси вилоят ҳадаф ва вазифаҳои худро дорад ва аъзои Шӯро, ҳамчунин тамоми соҳибкорон бояд дар таъмини иҷрои онҳо саҳмгузор бошанд. Қоҳир Расулзода иттилоъ дод, ки моҳи декабри соли равон мулоқоти раиси вилоят бо соҳибкорон дар назар дошта шудааст. Ӯ соҳибкоронро даъват намуд, ки дар бораи муаммову мушкилиҳояшон пешниҳоду таклифҳоро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ирсол намоянд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯро дар он рафти иҷрои Барномаи рушди коркарди меваю сабзавот дар солҳои 2010-2012 баррасӣ хоҳад шуд.