Ҳайати воломақоми Тоҷикистон аз Покистон дидан мекунад

Декабрь 23, 2011 17:13

Душанбе, 23 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Халид Шамим Вайн мулоқот намуд. Пас аз мулоқот Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Халид Шамим Вайн ба хабарнигорони ВАО андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла гуфт, ки «Ман бо даъвати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Тоҷикистон боздид ба амал овардам, ки пеш аз ҳама ҳадафи сафари ман ба ин кишвари дилнишин барои омӯзиши бештар, табодули назару афкор ва дидор ба роҳбарияти олии ин кишвар мебошад. Ман аз мулоқоти пурмӯҳтавои президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хушнудам, ки имрӯз бо эшон дар бораи бисёр мавзӯъҳо сӯҳбати хуб ва судманд анҷом додем. Ин мулоқот, албатта, маро аз бисёр мавзӯъҳо бохабар гардонид. Албатта, ҳамаи табодули афкор ва назарро бо Ҷаноби Олӣ хеле муфид арзёбӣ менамоям, зеро ин мубодилаи афкор дар робита ба он мавзӯъҳое, ки хеле ҷанбаи муҳим доранд, дар раванди таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар кишвар мусоидат менамояд».Меҳмони воломақоми покистонӣ афзуд, ки «тӯли сафари худ ман бо вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии кишвар ва кормандони мақомоти қудратии Чумҳурии Тоҷикистон вохӯрию гуфтушунидҳои хеле судманд доштам ва ман метавонам як нуктаро бо изҳори итминон қайд намоям, ки ҳамкориҳои низомӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Покистон минбаъд низ рушду густариш хоҳанд ёфт ва рушди бемайлони ин гуна ҳамкориҳо, албатта, ба нафъи худи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми минтақа хоҳад буд, зеро имрӯз ин минтақа яке аз минтақаҳои хеле муҳим ва калидии ҷаҳон маҳсуб мешавад. «Ман бори дигар барои ин сафар ва мулоқоти пурмӯҳтаво изҳори сипоси самимӣ менамоям ва умедворам, ки дар фурсати наздиктарин як ҳайати воломақом ва кормандони низомӣ ва кудратии Чумҳурии Тоҷикистон аз Покистон дидан хоҳанд намуд,- тазаккур дод Халид Шамим Вайн.

Декабрь 23, 2011 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид