Сипосгузории вазирони корҳои хориҷии Олмону Афғонистон аз Ҳ. Зарифӣ

Декабрь 24, 2011 11:21

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 23 декабри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Ҳертрампф ва Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзу мулоқот намуд.Сафирони Олмон ва Афғонистон мактуби муштараки сипосгузории вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Гидо Вестервелле ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расулро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супориданд. Дар нома, аз ҷумла барои иштироки фаъол ва саҳми арзандаи ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Бонн, ки 5 декабри соли 2011 баргузор гардида буд, изҳори миннатдории самимӣ шудааст. Дар навбати худ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафирон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки қарорҳои Конфронс дар Бонн барои устувории минбаъдаи амнияти Афғонистон аҳамияти хос доранд.Сипас, Ҳ. Зарифӣ бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Олмон баррасӣ намуд. Хонум Дорис Хертрампф ба натиҷаи мулоқотҳои дар сатҳи олӣ гузашта ва мувофиқаҳои ба даст омада баҳои баланд дод.Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои омода намудан ва гузаронидани Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистонро (RECCA V), ки баргузории он моҳи марти соли 2012 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, матраҳ карданд.

Декабрь 24, 2011 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид