Таҳкими иқтидори парлумон дар бахши молияи давлатӣ
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Мустаҳкам намудани иқтидори парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар парлумони мамлакат семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба ва Ёддошти ҳусни тафоҳуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар назди Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони мамлакат котибот оид ба татбиқи лоиҳаи таҳкими иқтидори парлумон дар ҷараёни омодасозӣ, мониторинг ва иҷрои Буҷаи давлатӣ таъсис дода шуд. Зикр гардид, ки то давраи ба фаъолият шурӯъ намудани котибот аз тарафи Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи ташкили котибот як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Таъкид шуд, ки мутахассисони Котибот дар омода намудани асноду мавод барои муҳокимаи парлумонӣ дар масъалаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар 9-моҳи соли 2011» ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» фаъолона иштирок карданд.Ҳамчунин котибот бо дастгирии Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон нақшаи якҷояи корӣ барои солҳои 2011-2012 ва дастури амалиёти котиботро қабул карда, ба татбиқи он шурӯъ намудааст. Иштирокчиёни семинар изҳор доштанд, ки буҷаи давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат аҳамияти бузургро молик аст. Дар фарҷоми чорабинӣ лоиҳаи «Мустаҳкам намудани иқтидори парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» муаррифӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






