Тоҷикистону Украина Шӯрои тоҷиронро таъсис медиҳанд
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар маъмурияти Президенти Украина маросими имзои Созишнома дар бораи ташкили Шӯрои тоҷирони Тоҷикистону Украина баргузор гардид. Ҳуҷҷатро раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Сайид ва президенти Палатаи савдо ва саноати Украина С. Скрипченко имзо намуданд. Тавре дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақсади асосии ташкили Шӯрои тоҷирон иборат аз рушди равобити тоҷирон ва ҳамкории мутақобилан муфиди миёни соҳибкорони Украинаю Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорони Тоҷикистон ва Украина мебошад.Худи ҳамон рӯз дар бинои Палатаи савдо ва саноати Украина форуми аҳли тиҷорати Тоҷикистону Украина баргузор гардида, дар он Шариф Сайид аз таъсиси Шӯрои тоҷирони Тоҷикистону Украина хабар дода, зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамаи имконияти расидан ба сатҳи нави муносиботи тиҷоратиро дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






