Номзадҳоро дар Суғду Хатлон ба қайд гирифтанд
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чор нафар номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз cӯи Комиссияҳои ҳавзавии интихоботии Суғд №2, Хатлон №3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ №5 ба қайд гирифта шуданд. Инҳо Иброҳим Абдуллоев- узви ҳизби коммунисти Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан, Абдуҷон Таваккалов узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ, Саидумрон Абдураҳмонов аъзои ҲХДТ, раиси ноҳияи Рашт ва Саймурод Тағоев-узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки номзадҳои зикршуда аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Зафаробод, Шаҳристон, Шаҳритӯс, Қумсангир, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷилликӯл, Роғун, Рашт, Нуробод, Файзобод, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Турсунзода пешниҳод гардидаанд. Дар робита ба ин 25 феврали соли 2012 дар ҷумҳурӣ интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда баргузор мегардад. Бояд тазаккур дод, ки 15 декабри соли 2011 дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони мамлакат ваколати се нафар узви Маҷлиси миллӣ -Муним Холиқов собиқ раиси шаҳри Истаравшан, собиқ раисони ноҳияҳои Рӯдакию Панҷ Мансур Қодиров ва Мирзодавлат Сабуров бо хоҳиши онҳо қатъ гардида буд. Инчунин, нимаи соли 2011 вобаста ба марги нобаҳангоми узви Маҷлиси миллӣ, собиқ раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколати марҳум низ қатъ гардид. Аз ин рӯ, алҳол дар Маҷлиси миллӣ 6 курсӣ холист, зеро ду нафар аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат- Матлубхон Давлатов ва Нуриддин Саидов бо фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ муовини аввали Сарвазири кишвар ва вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Маҷлиси миллӣ-палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 34 аъзо дорад ва 25 нафари онҳоро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб менамоянд, 8 нафари дигар бо фармони Президенти мамлакат таъин карда мешавад. Инчунин собиқ президентҳои Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ки то охири умр узви палатаи болоии парлумон бошанд. Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ Президенти Тоҷикистон алҳол узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.14.16.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






