Ёрии ҳирфаии Тоҷикистон ба Афғонистон

Январь 19, 2012 17:31

Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ёрии ҳирфаии худро ба Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, ки сохтори ҷавону навтаъсис дар ин кишвар аст, мерасонад,- иброз дошт Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Комиссиюни интихоботии Афғонистон. Бояд зикр кард, ки ҳайати баландпояи Комиссиюни мустақили интихоботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 19 январ бо фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ошно гардид. Ҳамчунин, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ мулоқоти ҳайатҳои Комиссияи интихоботии ду кишвари ҳамҷавор баргузор гардид. Дар ҷараёни он Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссиюни мустақили Афғонистонро доир ба фаъолияти Комиссия ва нақшаю дурнамои он ошно сохт. Мавсуф аз мулоқоти судмандли худ бо Фазл Аҳмад Маънавӣ, раиси Комисиюни мустақили интихоботи Афғонистон, ки чанде пеш дар Душанбе ҷараён гирифт, ёдовар шуд. Шоҳиён гуфт, ки чунин боздидҳои корӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ба манфиати ҳар ду кишвар нақши босазо мегузоранд.  Ҳайати афғонӣ, ки аз 26 нафар аъзои Комиссиюни мутақили интихоботи Афғонистон ва ҷомеаи мадании ин кишвар иборат буд, аз меҳмоннавозии тоҷикон изҳори сипос кард.  Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати намояндагони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ҷиҳати иштирок дар семинари тахассусӣ дар мавзӯи «Афғонистон ва раванди барқарорсозии демократия», ки тӯли як ҳафта баргузор гардид, дар Душанбе қарор доштанд.

Январь 19, 2012 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд