Ёрии ҳирфаии Тоҷикистон ба Афғонистон
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ёрии ҳирфаии худро ба Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, ки сохтори ҷавону навтаъсис дар ин кишвар аст, мерасонад,- иброз дошт Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Комиссиюни интихоботии Афғонистон. Бояд зикр кард, ки ҳайати баландпояи Комиссиюни мустақили интихоботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 19 январ бо фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ошно гардид. Ҳамчунин, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ мулоқоти ҳайатҳои Комиссияи интихоботии ду кишвари ҳамҷавор баргузор гардид. Дар ҷараёни он Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссиюни мустақили Афғонистонро доир ба фаъолияти Комиссия ва нақшаю дурнамои он ошно сохт. Мавсуф аз мулоқоти судмандли худ бо Фазл Аҳмад Маънавӣ, раиси Комисиюни мустақили интихоботи Афғонистон, ки чанде пеш дар Душанбе ҷараён гирифт, ёдовар шуд. Шоҳиён гуфт, ки чунин боздидҳои корӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ба манфиати ҳар ду кишвар нақши босазо мегузоранд. Ҳайати афғонӣ, ки аз 26 нафар аъзои Комиссиюни мутақили интихоботи Афғонистон ва ҷомеаи мадании ин кишвар иборат буд, аз меҳмоннавозии тоҷикон изҳори сипос кард. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати намояндагони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ҷиҳати иштирок дар семинари тахассусӣ дар мавзӯи «Афғонистон ва раванди барқарорсозии демократия», ки тӯли як ҳафта баргузор гардид, дар Душанбе қарор доштанд.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






