Дар ҳолати мастӣ мошин нарон! зеро…
Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 13, 32, 337 ва 339-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд шаҳрвандоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаҳои нақлиётро идора менамоянд, ба муддати ду сол аз истифодаи шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум мегарданд. Қаблан барои ин амал Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 1 сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ва ҷарима дар ҳаҷми аз 350 то 700 сомониро пешинӣ намуда буд. Яъне, бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси мазкур меъёри ҷазо ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаҳои нақлиётро идора менамоянд, пурзӯр гардонида шуда, шахсоне, ки бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ воситаи нақлиётро идора менамоянд, дар ҳаҷми аз 800 то 1200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Дар сурати такрор шудани ин амал шаҳрванд аз 1200 то ду ҳазор сомонӣ ҷарима мепардозад. Саид Ҷӯрахонов, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар парлумони кишвар гуфт, ки ин тадбир ҷиҳати иҷрои банди 13-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2011 бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия ва пешниҳод шудааст. Муовини вазир афзуд, ки солҳои охир ҳолати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар ва таҳлили таркиби он шаҳодат медиҳад, ки вазъ дар ин самт ташвишовар буда, тақозо менамояд, ки нисбат ба ин масъала чораҳои мушаххас дида шаванд. Новобаста ба корҳои ба анҷом расонидаи ВКД ҷумҳурӣ дар тӯли 10 соли охир дар қаламрави кишвар 15 ҳазору 426 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 4 ҳазору 423 нафар ба ҳалокат расида, 17 ҳазору 778 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки ҳар сол дар роҳҳои кишвар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳисоби миёна 400 нафар ҳалок ва 1700 нафар ҷароҳат мебардоранд, -афзуд Саид Ҷӯрахонов. Мавсуф зикр кард, ки дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ 1401 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 448 нафар фавтиданд ва 1 ҳазору 592 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд, ки нисбат ба соли 2010-ум 3,3 % зиёд аст. Оқибати чунин садамаҳо ба маъюбу маҷрӯҳ шудани ронандагони воситаҳои нақлиётӣ, пиёдагардон ва бесарпаноҳ мондани оилаҳо боис гардидааст. Хусусан дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт оқибатҳои вазинин ба бор овардааст, ки ин ҳолат ташвишовар аст, таъкид кард. С. Ҷӯрахонов. Танҳо дар соли 2011 дар кишвар 10 ҳазору 988 амали дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки се ҳазору 219 ҳодисаи он идораи воситаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ аст. Дар натиҷа 50 ҳодисаи нохуши дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёт дар соли 2011ба вуқӯъ омада, 17 нафар ба ҳалокат расида, 42 нафар маҷрӯҳ шудааст. Гарчанде аз ҷониби ВКД ва мақомоти судӣ нисбат ба шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекунанд, чораҳои маъмурӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда шавад ҳам, мутаассифона, теъдоди чунин ронандагон торафт меафзояд. Таҷриба шаҳодат медиҳад, ки чорабиниҳои маъмурии пешбининамудаи қонунгузорӣ дар доираи санксияҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ надода истодаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби вакилони парлумони мамлакат ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоидро ҷиҳати тақвияти мубориза бо шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ паси чанбараки мошин менишинанд, фароҳам меорад.11.35.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






