Омодагӣ ба бозии байналмилалӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 20 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Аз имрӯз фурӯши чиптаҳо ба бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ, ки рӯзи 29 феврал дар варзишгоҳи «20- солагии истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд мегузарад, ба роҳ монда шуд. Тавре ки ноиби раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Рустам Марофиев иттилоъ дод, арзиши як чипта новобаста ба ҷои нишаст 10 сомониро ташкил медиҳад. Ба соҳибони чиптаҳо аз ширкати Tcell симкартаҳо тӯҳфа мешаванд ва дар навбати худ рақами чиптаҳо дар бозии бурднок ширкат меварзанд. Ҷоизаи асосӣ автомобили ВАЗ-2107 пешбинӣ шудааст. Пеш аз оғози вохӯрӣ ҳунарнамоии мутрибони дилнавоз Ҷонибек Муродов, Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






