Раиси шаҳр моҳияти масъаларо ба соҳибмулкон фаҳмонд

Февраль 20, 2012 14:22

Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр- кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ аз масъалаҳои умдаи ҷаласаи шаҳрдорӣ буд, ки 20 феврал таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.  Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба корҳои анҷомёфтаи фаҳмондадиҳӣ бо соҳибмулкон, ки аз тарафи сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷараён гирифт, изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф бори дигар бо кулли соҳибмулкон дар бобати моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкур сӯҳбат карда афзуд, ки зимни татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт. Раиси шаҳр таъкид кард, ки соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншоотеро, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳ беш аз нӯҳ ошёна пешбинӣ гардидаанд, дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд. Зикр шуд, ки дар сурати надоштани имконияти молиявӣ ё худ дар заминаи иншооти мавҷудаашон бо бартарафсозии онҳо пешбинӣ гардидани мавзеъҳои кабудизоркунию ободонӣ ҳар кадоме ҳуқуқ доранд, ки мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда бар ивази иншооташон арзиши бозории онро аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн гиранд, ё дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё хонаи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкон лоиҳаҳои иншооти таҷдидшавандаро аз назар гузаронида, ба масъулини шаҳрдорӣ ва роҳбарони субъектҳои лоиҳакашӣ дастур дод, ки бо инобати таклифҳои соҳибмулкон лоиҳаҳоеро, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур бунёд мешаванд, дар Шӯрои шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва онро барои тасдиқ ба унвони Раиси шаҳр пешниҳод намоянд, то навсозии иншооти мазкур на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расад.Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласа масъулини сохторҳои лоиҳакашӣ, сохтмонию меъмории шаҳр низ ширкат доштанд.

Февраль 20, 2012 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст