Салоҳияти МН ва ММ дар бахши замин танзим мегардад
Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд таъсис, барҳам ва тағйир додани ҳудудҳои воҳидҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти палатаи болоии парлумони мамлакат — Маҷлиси миллӣ вогузор карда шуда, таъсиси минтақаҳои дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ, муқаррар ва тағйири ҳудудҳои онҳо ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон дохил мешавад. Вобаста ба ин масъала 15 феврал вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба моддаи 4-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд. Бояд зикр кард, ки моддаи 4-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши муносибатҳои вобаста ба замин танзим менамояд. Назар ба гузориши вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Сафаров, ҳадафи дигари ворид сохтани тағйирот ба Кодекси замин ислоҳи хатоҳои имлоию матнист.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






