Тӯй дар Наврӯз

Февраль 3, 2012 11:51

Душанбе, 3 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Ваҳдат маросими тӯйи арӯсии сад ҷуфт ҷавонро баргузор намояд. Ин ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои тобеи марказ буда, ба онҳо ҳамзамон ҷиҳози рӯзгор тақдим карда мешавад. Баргузории тӯйи арӯсии ҷавонон дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагии Кумитаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон ба роҳ монда шудааст, ки он зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва дидору мулоқоташ бо собиқ раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон Сайидризо Наирӣ тарҳрезӣ гашта буд.   -Ҳадаф аз баргузории тӯйҳои дастаҷамъона кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии онҳо буда, ҷиҳати камхарҷу хоксорона баргузор намудани тӯйҳо мусоидат менамояд,- мегӯяд роҳбари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ. Мавсуф афзуд, ки аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти марбутаи шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногун, ба мисли Хатлону Суғд, Рашт ва шаҳри Душанбе дар зарфи панҷ соли охир ҷашни издивоҷи 1000 ҷуфт ҷавон барпо карда шудааст.

Февраль 3, 2012 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад