Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ афзуд
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи моҳҳои январ — феврали соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи гурӯҳи хоҷагиҳои Тоҷикистон 436 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар давраи ҳисобот ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 7,2 фоиз афзуд. Ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ дар ин давра 434 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва растанипарварӣ 2 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод.Назар ба хабари Агентии мазкур, то 1 марти соли равон ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар масоҳати беш аз 30 ҳазор гектар кишт намудаанд, ки 15 ҳазору 100 гектари онро ғаллаю зироатҳои лӯбиёгӣ ва қариб 2000 гектарашро картошка ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






