Бемориҳои хатарнок, аммо табобатшаванда
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти момодояи Маркази солимии репродуктивии ноҳияи Вахш Зарима Очилова, гирифтории бонувони қобили таваллуд ба бемориҳо (вируси) -и гузарандаи, ба қавле бачакуш, «хломидиоз», «ситомоголовирус» дар ин минтақаи кишвар боиси нигаронист.Ба гуфти З. Очилова, ин бемориҳои гузаранда аз тариқи алоқаи ҷинсӣ бештар дар бадани заноне пайдо мешаванд, ки ҳамсаронашон аз муҳоҷирати корӣ бо худ меоранд. Аз 64 зане, ки тифли батни худро аз даст додаст 50 фоизи онҳо бо вируси «хломидиоз» ва «ситомоголовирус» сироят шудаанд.Мутаассифона, дар ноҳияи Вахш барои кашфу таҳқики ин бемориҳо санҷишгоҳ вуҷуд надорад. Гирифторони чунин бемориҳо ба Маркази солимии репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби сокинони ноҳияҳои Вахш, Бохтар ва шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа хеле зиёд муроҷиат мекунанд. Бо вуҷуди он ки ин тарзи бемориҳо барои занон хатарноканд, аммо табобатшавандаанд,- мегӯяд З. Очилова.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






