Иҷрои фармоиши маскавиҳо
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бори дуюм аст, ки ширкати «Ҷинсмейкерс» -и шаҳри Маскав бо корхонаи «Текстил Сити»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли либос машғул мебошад, шартнома мебандад. Бино ба гуфти директори кулли ҶДММ «Текстил Сити» Насим Каримов, корхона дар асоси шартнома ба истеҳсоли маҳсулоти фармоишӣ барои ширкати «Ҷинсмейкерс» ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст. Ба гуфти Н.Каримов корхона бар асоси шартнома як миқдор моли истеҳсолшударо, ки аз 10 намунаи шиму курта иборат аст, то 10-уми апрели соли ҷорӣ ба фармоишгар интиқол медиҳад. Ин иҷрои дуюмин шартномаест, ки бар асоси фармоиши ширкатҳои Маскав амалӣ мегардад. Аввалин шартнома соли 2011 ба маблағи 1 млн. доллари амрикоӣ бо ширкати «Швейпромсервис»-и Маскав ба имзо расида буд, ки «Текстил Сити» то имрӯз барояш маҳсулоти фармоишӣ истеҳсол менамояд.Дар айни замон дар корхонаи «Текстил Сити» наздик ба 400 нафар коргар фаъолият доранд. Корхона дар давоми моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 103 фоиз маҳсулот истеҳсол намудааст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






