Имзои шартномаҳои суғуртавӣ кам шуд

Март 15, 2012 09:47

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар қаламрави ҷумҳурӣ 14 ширкати суғуртавии иҷозатномадошта амал мекунад, ки дутои он ширкати давлатӣ ва 12 –тояш ғайри давлатӣ мебошад.Аз рӯи ҷамъбасти оморие, ки ширкатҳои суғуртавӣ дар соли 2011 пешниҳод кардаанд, маблағи барномавии ин ширкатҳо 30 млн. 672 ҳазор сомониро ташкил додааст. Маблағи аъзоҳаққии суғуртавӣ 91 млн. 993 ҳазор ва пардохти суғурта дар соли 2011 14 млн.127 ҳазор сомониро ташкил додааст.Ба иттилои манбаъ, дар соли 2011 бо ширкатҳои суғуртавӣ ҳамагӣ 1 млн. 848 ҳазору 320 нафар ашхоси ҳуқуқӣ ва инфиродӣ шартнома имзо намудаанд, ки нисбат ба соли 2010 2,8 фоиз кам аст. Аз шартномаҳои имзошуда 71,4 фоизаш суғуртаи ихтиёрӣ буда, 28,6 фоизи боқимонда суғуртаи ҳатмӣ мебошад. Дар шароити имрӯза ширкатҳоро зарур аст, ки миқдори шартномаҳои суғуртаи ихтиёриро зиёд намуда, пардохти саривақтии суғуртаро ба зарардидагон таъмин намоянд.

Март 15, 2012 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд