Иштироки десантчиёни ҷавон дар мусобиқаи дзюдо
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Варзишгарони клуби «Десантчиёни ҷавон» — и Созмони мудофиавии кишвар 25 – 26 – феврали соли равон дар мусобиқаи гӯштини дзюдо, ки дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев баргузор шуд, ширкат намуданд. Дар чорабинӣ 12 даста иштирок дошт. Дастаи «Десантчиёни ҷавон», ки аз 11 нафар иборат буд, малакаи волои варзишӣ нишон дода, 7 тани онҳо ба мақоми ифтихорӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, Амирхони Ҷумъамурод ва Фаридуни Қисмат соҳиби медали тилло, Фирӯз Ҳусейнов, Парвиз Сайфуллоев ва Амрохон Шарифов соҳиби медали нуқра ва Фирӯзи Акобиру Алиакбар Назаров соҳиби медали биринҷӣ шуданд.Мусобиқа ба шарафи 19 – солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ баргузор шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






