Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2012 10:34

Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар»). – 30 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар маҷлиси навбатӣ нахуст ҳисоботи Вазири энергетика ва саноат дар бораи рушди саноати хӯрокворӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ва афзалият додан ба соҳибкории хусусӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 94 адади соли 1991 то соли 2010 ба зиёда аз 600 адад расид. Танҳо дар солҳои 2006-2011 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 394 корхонаи нав бунёд ёфт, ки дар онҳо 7300 ҷойи корӣ муҳайё гардид. Соли 2011 дар ҳаҷми 2 миллиарду 74 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 1996 43 баробар зиёд аст. Навсозии корхонаҳои мавҷуда ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз кардани онҳо низ аз соли 2006 ба ин сӯ авҷ гирифтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дастгирии соҳибкорони хусусӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, навсозии технологии корхонаҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад. Сипас ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2014 шунида шуд.
 
Тавре зикр гардид, тайи солҳои 2010-2011 дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳолати мелиоративии 1370 га замини обӣ тавассути тоза кардани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо беҳтар карда шуд. «Бо вуҷуди ин, мушкилоти зиёд барои беҳсозии ҳолати иншооти дигари мелиоративӣ ва паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ дар як қатор хоҷагию ҷамоатҳо боқӣ мемонад», — таъкид гардид дар ҳисобот.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мелиоратсияи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, аз ҷумла барқарор намудани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, супоришҳои мушаххас дод. Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 ва Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд барои солҳои 2012-2017 тасдиқ карда шуд.
 
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ тавассути зиёд намудани майдони кишт ва ҳосилнокии картошка ба зиёда аз 1 миллион тонна расондани истеҳсоли он то соли 2016 мебошад. Бо татбиқи босамари ин барнома Тоҷикистон дар ин муддат бояд натанҳо талаботи афзояндаи бозори дохилиро бо ин маҳсулот пурра таъмин созад, балки ба хориҷа ҳам содир намояд. Дар робита ба пешгирии бемории қанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки роҳи асосии он кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серғизо, бештар машғул шудан ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки бурдани тарзи ҳаёти солим ва дуруст ба роҳ мондани истеъмоли ғизо дар миёни аҳолӣ тарғибу ташвиқ карда шавад.
 
Лоиҳаи як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» ва ба Кодекси замин пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
 
Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол тасдиқ карда шуд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи аввали соли равон ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои модии давлатӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 31, 2012 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии Корея ва Осиёи Марказӣ сухан гуфт
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
АМАЛИЁТ ОИД БА ИСЛОҲОТИ АНДОЗ. Бештари хизматрасонии Кумитаи андоз электронӣ шуд
Комроншоҳи Устопириён пас аз рақобат дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба корномаи варзишиаш хотима бахшид
Дар Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бинобар гармои шадид зиндагӣ кардан ғайриимкон мегардад
Дар ноҳияи Нуробод ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд
БОЭҲТИЁТ БОШЕД! Дастурамали истифодаи бехатари ҳамёни мобилӣ пешниҳод мешавад
1-2 август дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад