«МегаФон» фурудгоҳро ба интернет пайваст
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар»).- Акнун меҳмонони фурудгоҳи шаҳри Душанбе имкон доранд, то дар дохили CIP- толор телефонҳои мобилии худро қувват дода, почтаи электрониашонро аз назар гузаронанд. Бо ташаббуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ин ҷо пояи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои қувватдиҳандаи ширкатҳои Apple, HTC, Nokia, Samsung, SonyEricsson, LG сохта шудааст, ки дар чаҳор тарафи он дутоӣ қувватдиҳандаи телефонҳои ширкатҳои номбурда мавҷуд аст.Инчунин дар CIP–толор «МегаФон Тоҷикистон» минтақаи интернетӣ низ таъсис додааст, ки меҳмонон метавонанд бо суръати 10 Мбит/с аз Интернет истифода кунанд. «Ин намуди хизматрасонӣ барои аксари мусофирон лозим аст, чун баъзан чунин зарурате пеш меояд, то фавран як нома фиристодан лозим мешавад ва ё фаҳмидани обу ҳаво дар мамлакатҳои парвозкунанда, ё аз назар гузаронидани ҷадвали ҳаракати нақлиёт дар дигар шаҳрҳо ва посух ба суолҳои дигаре, ки дар интернет фаровонанд, пайдо мешавад. Аз Франкфурт баргашта, ман ба тааҷҷуб омадам, вақте дидам, ки бо шарофати «МегаФон Тоҷикистон» ман дар фурудгоҳи ватан метавонам аз Интернет истифода барам», — мегӯяд Фирдавс Бобораҷабов, мусофири авиарейси Франкфурт-дар-Майн – Душанбе.Тавре ки роҳбари Хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев иттилоъ медиҳад, минтақаи интернетӣ дар CIP-толор – ин танҳо нахустин лоиҳаи оператор мебошад. Дар оянда мо татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар фурудгоҳҳои дигари кишварамон дар нақша дорем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






