Мулоқоти Э. Раҳмон бо иштирокдорони воломақоми Конфронси RECCA-5

Март 27, 2012 08:49

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA-5)-ро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбати нахусти Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуд.  Тйерри Мариани ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Фаронса Никола Саркозиро расонид, ки дар он ба ҷониби Тоҷикистон барои сатҳи баланду мусоиди ташкили конфронси мазкур ва нақши намоёну муассираш дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзи сипос карда мешавад. Тйерри Мариани ҳавасмандии Фаронсаро ба густариши ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид намуд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои низомии Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар зарур шумурда шуд. Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Зимни суҳбат бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон Ян Кубиш масоили ҳамгироии дуҷонибаю минтақавӣ барои бозсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсии ин кишвар баррасӣ шуд. Ян Кубиш ба ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки худ даҳшатҳои ҷангу нооромиро аз сар гузарондааст, дар бозсозии иқтисодиёт ва суботи Афғонистон баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки сохторҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ рушди босуботи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, тавассути имкону захираҳои геостратегии он ба таъмини эътидол дар Афғонистон низ мусоидати фаъол мекунанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ғайра ба нафъи кулли минтақа хидмат хоҳад кард, зеро дар онҳо суди ҳамаи кишварҳои манфиатдор ба эътибор гирифта шудааст.Масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон ва минтақаи атрофи он, ҳамчунин дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари дабири кулли ин созмон, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Ноэлин Ҳейзер баррасӣ шуд. Бо арзи эҳтирому сипос ба талошҳои Тоҷикистон барои таъмини амният ва рушди иқтисодии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хонум Ноэлин Ҳейзер аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки намояндагони воломақому босалоҳияти кишвар барои идомаи муҳокимаи мавзӯъҳои мавриди назар ба ҳамоишҳои оянда доир ба Афғонистон, ки моҳҳои июл ва ноябри соли равон дар Токио (Япония) ва Бангкок (Таиланд) баргузор мегарданд, фиристода шаванд.Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ масоили ҳамкории минтақавӣ мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт. Тавре таъкид гардид, аксари мавзӯъоти конфронсии 5-уми РЕККА аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) низ мавриди пайгирӣ қарор доранд. Аз ин хотир ба ҳамкорӣ барои ҷалби сармоягузориҳои густурда ба татбиқи амалии лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатти барқии КАСА-1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии санади стратегии «Дурнамои ЭКО то соли 2015» ва дигар санадҳои амалкунанда, сурат гирифт.Дар мулоқот бо Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Лесли Слинг масоили ҳамкории густурда дар ин соҳа баррасӣ шуд. Вилям Лесли Слинг изҳор дошт, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират минбаъд низ ба ҳаллу фасли мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилии вобаста ба хатарҳои офатҳои табиию техногенӣ, касбомӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ ва ғайра мусоидат намояд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони табиӣ, моддию техникӣ ва инсонӣ, ё худ нерӯи кории мардуми Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон мавриди истифода қарор бигиранд.Зимни мулоқот бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ аз густариши бемайлони ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 8 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории давлатӣ бо ҳиссаи Бонки исломии рушд мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 264 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳи зиёд ба афзоиши минбаъдаи сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоию гуманитарии Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Барои тавсиаи бештари ҳамкорӣ ифтитоҳи намояндагии Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти 38-уми солонаи Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 бояд дар Тоҷикистон баргузор шавад ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 27, 2012 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон конференсия доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар соҳаи маорифи шаҳри Роғун 463 тонна ангишт, 215 метри мукааб ҳезум ва 2320 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст
Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид
Дар Институти биологии Помир гармхонаи муосир сохта шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Қариб 500 техникаи роҳнигоҳдорӣ ба мавсими сармо омода аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуданд
Бастаҳои «MIX»: интернети бештар бо нархи камтар