Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Озарбойҷон

Март 6, 2012 09:17

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 5 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоевро ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ду кишвар барои густариши робитаҳои судбахш бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ҳавасмандии ҳарду кишвар ба рушди ҳамгироии сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра таъкид гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои нақлиётӣ барои афзун намудани ҳаҷми боркашониҳо ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвар зоҳир карда шуд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 6, 2012 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд