Проблемаҳои ҷинояткорӣ дар байни наврасон

Март 12, 2012 11:29

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ якҷоя бо намояндагони шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми Ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи рақами 15 – уми пойтахт вохӯрӣ барпо намуданд.Дар ҷараёни ин чорабинӣ проблемаҳои ҷинояткорӣ ва маводи нашъаоварро истифода намудани наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки сабаби ин масъулият ҳис накардани волидайн ва суст будани назорат аст. Ба ҳозирон, аз ҷумла ба волидайн дар бораи сабабҳои сар задани нашъамандӣ ва роҳҳои ҷилавгирии он маълумот дода шуд. Ба фикри кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, чунин шакли муошират бояд ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон таъсири мусбат расонад.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии маводи нашъаовар, дар ин чорабинӣ кормандони хадамоти кор бо ноболиғони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино иштирок доштанд.

Март 12, 2012 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд