Роҳи ҳавоии Рига – Душанбе боз кушода мешавад
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Ба туфайли рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ муомилоти тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Латвия нисбат ба соли 2010 баробари 200 фоиз афзуд», — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар ҷараёни мулоқоташ бо Сафири Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорс Апокинс.Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот аз самтҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва вазъияти мусоиди сармоягузорӣ нақл кард. Мувофиқи суханони ӯ, ташрифи президентҳои Тоҷикистону Латвия ба кишварҳои якдигар муҷиби рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни мамлакатҳояшон гардид. Сафири Латвия дар навбати худ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон намояндагиҳои ду бонк ва ширкати лизингии Латвия ифтитоҳ ёфтаанд. Аз нав барқарор гардидани роҳи ҳавоии Рига – Душанбе дар назар аст, ки он ба рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.Ҷонибҳо зикр намуданд, ки имконияти васеи рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар мавҷуд аст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






