Суханронии Э. Раҳмон дар таҷлили сеюмини ҷаҳонии ҷашни «Наврўз»

Март 25, 2012 10:35

Суханронии ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили сеюмини ҷаҳонии ҷашни «Наврўз» (ш. Душанбе, Кохи Сомон, 25 марти соли 2012) Олиҷанобон, ҷалолатмаобон! Хонумҳо ва ҷанобон! Ширкаткунандагони ҷашни ҷаҳонии «Наврўз»!Сарфарозам, ки ташрифи бародарони азизу арҷманд Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай – Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуди Аҳмадинажод – Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ – Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон, роҳбарони ҳайатҳои воломақоми кишварҳои дўсти Озарбойҷон, Ҳиндустон, Хитой, Қазоққистон, Қирғизистон, Туркия ва Ўзбекистонро ба Тоҷикистон хайра мақдам мегўям. Нек дар хотир дорам, ки соли гузашта, ҳангоми таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз дар Теҳрон байтеро ба забон оварда будам, ки ба андешаи банда бо лаҳзаҳои фараҳбахши имрўза низ созгор аст:Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.Имрўз мо байни ёрон қарор дорем, ки бо чеҳраҳои хандон ин толори мунаққашро мунаввар гардонидаанд ва чароғи дилҳои моро барафрўхтаанд. Аз ин рў, бароям мояи ифтихору саодат аст, ки ҷашни бузурги байналмилалӣ ва башорати рўзи ҷадид — Наврўзи оламафрўзро дар сарзамини бостонӣ ва фарҳангхези Тоҷикистон ба роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дўст ва ба ҳамаи шумо, азизон, бо беҳтарин таманниёту орзуҳо табрику таҳният гўям. Шодбошҳои самимии хешро ба ҳамаи меҳмонони азизу олиқадр иброз дошта, бо риояи суннати наврўзӣ бори дигар таҳнияти аҷдодиро ба забон меорам: Бародар, ҷашни наврўзат муборак! Баробар шуд шабу рўзат, муборак! Дўстони арҷманд! Мо аз он ҳам ифтихор дорем, ки дигар мардумони ҳавзаи фарҳангии наврўзӣ низ дар ин ҷашни фархунда якдигарро бо ибораи фараҳбахши «Наврўз муборак!» табрик мегўянд.Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврўзи Аҷам ҳаргиз тасодуфӣ нест. Ин иқдоми муҳим на фақат дар рушди тамаддуни муосир фоли нек аст, балки гувоҳи он мебошад, ки имрўз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврўзӣ ниёз дорад. Беш аз шаш ҳазор сол қабл ниёгони фарзонаи мо ба суннати фарҳангие асос гузоштанд, ки баёнгари пирўзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва тантанаи покиву садоқат ва тозагиву озодагии инсонӣ мебошад. Дар байни ниёгонамон расми хубе роиҷ буд, ки айёми наврўзӣ хусумату кинаро аз қалбҳо берун меандохтанд ва дасти нотавону дармондагонро мегирифтанд. Мардум ба истиқболи Наврўз, ки башорати рўзи нав ва эҳёи табиату замин аст, манзилу кошонаи худро тозаву озода ва кўчаву хиёбонҳоро бо ниҳолу гулбунҳо обод мекарданд. Деҳқони ризқофарин дар айёми Наврўз ба сари замини саховатбахш омада, онро ҷуфт мекард ва ба он тухми умед мепошид. Наврўз зиндатарин ҷашне дар рўи Замин буда, воқеан ҳам омадани соли навро ба кураи он ва сабзиши ҷадиди ҷаҳонро башоратгар аст. Ин ҷашн ҳар сол як маротиба чун бедориву эҳёи табиат фаро расида, бо ҳар равияи ғоявию фарҳангие, ки дар тўли таърих рў ба рў шудааст, созгор омадааст ва боз ҳам зеботару ғанитар гаштааст. Масалан, яке аз русуми Наврўзи аҳди Сосониён ба якдигар дар субҳи идона рехтани об будааст ва ин расм низ дар қуруни исломӣ ба сурати гулоб пошидан боқӣ мондааст. Дар боби пайдоиши ин расм ривояти аҷибе ҳаст, ки аслан аз «Авасто» сарчашма мегирад. Ривоят чунин аст, ки дар замони шоҳ Ҷамшед адади ҷонварон чандон зиёд шуд, ки паҳнои замин ба онҳо танг гардид. Худованд заминро се баробари он чӣ буд, фарохтар карда, мардумро амр намуд, ки ба об шустушўй кунанд, то аз гуноҳҳояшон пок шаванд. Пас ҳама сол дар айёми Наврўз ин корро мекарданд, то ин, ки Худованд офатҳои он солро аз одамон рафъ гардонад.Дар замони ислом суннату ойинҳои ҷашни Наврўз тавсеа пайдо карданд. Ин аст, ки доираи ҷуғрофии ҷашни бостонии Наврўз дар олами имрўз васеътару фарохтар гардида, баробари расман ҷаҳонӣ шуданаш боз ҳам зеботару шукўҳмандтар гаштааст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Наврўз дар замони давлати вақт низ ҷашн гирифта мешуд. Одобу русуми Наврўзӣ дар он замон дар кишварҳои ҷашнгиранда, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳаддалимкон нигоҳ дошта шуд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврўз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукўҳу ҷалоли бештар мегирад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат ҳар хонадони кишвар пур аз шодиву фараҳ мегардад ва марди деҳқон мисли пештара ба замин донаи умед мепошад. Миллати тоҷик ҷашни Наврўзро дар тўли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад. Ба муносибати фарорасии Наврўз аз рўи анъана ва суннатҳои қадима мардуми мо беш аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайр мезананд. Андарзи ҷовидонаи ниёгони башардўстамон — «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дар тўли таҳаввули таърихии халқи мо ҳамеша парчами кору амал будааст.Зеро фарҳанг ва тамаддун умуман, аз ҷумла фарҳанги Наврўзи оламафрўз, хислату ҷавҳари инсонсоз дорад. Бо ҳамкориву талоши кишварҳои мо Наврўз, хушбахтона, ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди барҷаставу арзишманд аст. Акнун моро лозим аст, ки тамоми суннатҳои қадимии қисман ба гўшаи фаромўшӣ рафтаи Наврўзро зина ба зина дубора эҳё намоем. Зеро мо вазифадорем, ки барои ҳифзу тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва рушди суннатҳои неки фарҳангии худ дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ иқдомоти мунтазам ва муассирро амалӣ гардонем.Умед дорам, ки Наврўзи ҳуҷастапай имсол ба мардумони куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо, аз ҷумла аҳли зиё ҷиҳати бо нури илму маърифат мунаввар намудани роҳи аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон ва ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза меорад, моро дар иҷрои нақшаҳои бунёдиву корҳои созандагӣ рўҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини ин сарзаминҳо рўзи хушу соли накў ато менамояд.Сарфарозам, ки дар ин лаҳзаҳои оғози рўзгори тозаву навин ва дар ин маҳфили пуршукўҳу ҷалол ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва аҳли ҳавзаи тамаддуни Наврўзро бо ин ҷашни фарруху фархунда бори дигар самимона шодбош гўям ва ба ҳар яки шумо сулҳу амонӣ, рўзгори осуда, рўҳи болида ва иқболу саодат орзу намоям. «Соле, ки накўст, аз баҳораш пайдост», — мегўянд. Бигзор аз файзу баракати баҳорон ва Наврўзи оламафрўз зиндагии ҳар фарди кишварҳоямон рангу таровати тоза гирад, дастархони ҳар хонадон пур аз нозу неъмат гардад, ваҳдати байналмилалии мо ҷовидона ва сулҳу субот дар саросари олам пойдор бошад! Бо чунин ниятҳои хайр ҷаласаи ҷашнии Конфронси байналмилалии Наврўзро ифтитоҳ менамоям ва аз дўстон хоҳиш менамоям, ки табрикоту умедҳои наврўзии худро барои ҳамаи мо арзонӣ доранд.

Март 25, 2012 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид
Дар саросари ҷаҳон афзоиши ҳолатҳои инсулт ошкор гардид
Интернети боз ҳам бештар: оператори «Анор» тарофаҳоро такмил дод