Таҷлили Наврӯз дар Мисри Араб

Март 26, 2012 13:06

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- 24 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон ва дастгирии муштараки сафоратҳои давлатҳои дигари ҳамфарҳанги муқими Миср дар меҳмонхонаи Мариотти шаҳри Қоҳира ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо тантана ва шукӯҳ таҷлил карда шуд, ки дар он зиёда аз 1200 нафар меҳмон, аз ҷумла губернатори Қоҳира бо ҳамсараш ба ҳайси меҳмони давлати Миср, роҳбарони ҳайатҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Миср бо аъзои оила ва роҳбарони вазорату идораҳои кишвари иқомат ва намояндагони ҷамъияти тоҷикон иштирок карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира иттилоъ доданд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб аз номи сафирони кишварҳои ҳамфарҳанге, ки Наврӯзро аз даврони бостонӣ таҷлил мегиранд, бо паёми шодбошӣ маҳфилро ифтитоҳ намуд ва ҳузури меҳмононро дар маҳфили наврӯзӣ хайра мақдам гуфт. Вай дар суханронии худ эълон кард, ки имсол кишвараш-Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад ва имрӯзҳо шаҳри Душанбе меҳмонони олиқадрро аз тамоми кишварҳои ҳамфарҳанги ҷаҳон пазироӣ мекунад.Дар толори базмгоҳи меҳмонхона барои ҳар кишвар ҷойи махсус ҷудо гашта, дар он намоишгоҳи либосҳои идона ва қадимаи миллӣ, асбобҳои мусиқии суннатӣ, таомҳои миллии онҳо ба намоиш гузошта шуда буд. Намоишгоҳи Тоҷикистонро парчами миллӣ, китобҳои мусаввар доир ба Тоҷикистон, аз ҷумла тарҷумаи арабии китоби сегонаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (чопи Қоҳира), лавҳаҳои рассомон бо тасвири табиати зебои кишвар, сӯзаниҳо, ҷомаву хилъатҳои суннатии мардонаву занона, асбобҳои мусиқии миллӣ, суманак ва дигар хӯрокҳои идонаи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва кӯдакону духтарони дӯстрӯ дар либосҳои идона оро медоданд. Пас аз зиёфати олии ин кишварҳо, ки ҳар кадом таомҳои миллии худро низ дар мизҳо гузошта буданд, базми суруду рақс барпо гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон навозиши чанд оҳанги халқӣ бо дутор иҷро шуда, донишҷӯёни донишгоҳҳои мисрӣ бо барномаҳои консертии шӯху ҷаззоб ва рақсҳои ҷолиб дили ҳозиронро шод намуданд.Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Қоҳира мавриди таваҷҷӯҳи васеи воситаҳои ахбори умум гардид. Шабакаҳои телевизиони давлатии Миср, шабакаҳои арабии Эрон ва Туркия, намояндагони тақрибан тамоми рӯзномаҳои мисрӣ дар ҷашн иштирок карда, хабари онро бегоҳи ҳамон рӯз бо мусоҳибаҳои сафирони давлатҳои таҷлилкунандаи Наврӯз пахш ва рӯзномаҳо рӯзи дигар гузоришҳои мусаввар оид ба ҷашнро чоп карданд. Аз ҷумла, сафири Тоҷикистон тавассути ҳамаи ин шабакаҳо ва бо аксарияти рӯзномаҳо мусоҳиба анҷом дода, аҳамияти ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва моҳияти онро барои таҳкими пайвандҳои дӯстӣ, сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон маънидод кард.Ҳамин тавр, сафоратҳои давлатҳои ҳамфарҳанги ҳафтгона Баёнияи матбуотӣ интишор дода, дар он эълон карданд, ки онҳо ҳар сол якҷоя Рӯзи байналмилалии Наврӯзро бо ҳам ташкил мекунанд ва ҷашн мегиранд, то Наврӯзи оламафрӯз дар сарзамини Миср ҳамчун як намоиши фарҳангии зебо ба ҳукми анъана дарояд.Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Миср ҳамчунин бозиҳои варзиширо дар бар гирифт. Як рӯз қабл дар варзишгоҳи мактаби русии сафорати Русия дар Қоҳира ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи футбол бо иштироки тимҳои давлатҳои ширкаткунандаи ҷашн ва тими Русия (ҳамагӣ 10 тим) баргузор гардид, ки дар он 2 тими Тоҷикистон (Тоҷикистон-1 ва Тоҷикистон-2) иштирок карданд. Тими Туркия ҷойи аввалро ишғол намуд, ҷойҳои 2 ва 3 насиби тимҳои Тоҷикистон ва ҷои чорум насиби тими Ӯзбакистон гардид.Ба ақидаи ҳамагон, ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар Миср дар таҳкими пайвандҳои дӯстию бародарӣ, шиносоии доираи васеи мардум ба таъриху фарҳанги асил ва бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои ҳамфарҳанг саҳми арзанда гузошт.

Март 26, 2012 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст