Таҷлили Наврӯз зери манораи Эйфел
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар шаҳри Париж бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо ҷамъияти тоҷикон дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҷамъиятҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон бо Сафорати Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд. Намояндагон ва сайёҳоне, ки ба тамошои манораи Эйфел ҳар рӯз аз тамоми дунё меоянд, шоҳиди ин иди бошукӯҳ гардиданд. Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси анҷумани «Journée Internationale de Norouz», узви ҷамъияти «Пайванд», профессори Донишгоҳи Париж ва маркази тадқиқотии «Кюри» Масъуди Миршоҳӣ ба ҳозирин, ки теъдоди онҳо аз се ҳазор зиёд буд, дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз, расму оин, урфу одат, тарзи ҷашнгирии он ва либосҳои миллии кишварҳои номбурда маълумот дод. Инчунин дар раванди ҷашн намоиши либосҳои миллии минтақаҳои кишварҳои таҷлилкунандаи наврӯз ба маърази тамошо гузошта шуд.Ҷамъомадагон фарҳанги куҳани ҷашни Наврӯзро, ки зиёда аз 300 миллион нафари рӯи заминро муттаҳид месозад, бо камоли майл қабул намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






