Торнигори «Суман» боз гардид

Март 27, 2012 10:29

Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суман», ки дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлиди маҳсулот маъруф аст, торнигори расмии худро бо нишонии www.soozani.wordpress.com. боз кард. Хонаи интернетии лоиҳа бо истифода аз пояи ироакунандаи маъруфи хадамоти торнигорӣ – Вордпресс сохта шудааст,- мегӯяд Абдулфаттоҳ Шафиев, мушовири миллӣ дар масоили тамос бо ҷомеаи Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон». ҶСШК «Суман» дар соли 1992 дар заминаи як корхонаи дӯзандагии шӯравӣ таъсис шуда, алҳол дар он 70 нафар чевар фаъолият доранд, ки теъдоди бештари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Маҳсулоти корхона бо истифодаи моҳирона аз рангҳои гуногун, печидагии ҳайратбори зардӯзӣ ва зебоии ҳунари тоҷикӣ шӯҳратёр гаштааст. Чеварони чирадасти «Суман» ба дӯхтан ва оро додани либосу кулоҳҳои миллӣ, ҳадяҳо, болиштҳо ва либосҳои корӣ машғуланд.Мудири «Суман» Файзимоҳ Иброҳимова хушҳол аст, ки имкони муаррифии интернетии маҳсули дастони дӯзандаҳои соҳибҳунарашро пайдо кардааст. Хонум Файзимоҳ Иброҳимова мутмаин аст, ки бо роҳандозии ин торнигор дар рушди дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва маъруфсозии ҳунарҳои дастӣ миёни ҷавонон ва меҳмонон саҳми худро мегузоранд. Торнигори расмӣ барои онҳо имкон медиҳад, то ҳузурашонро дар бозор тақвият бахшанд ва дар ояндаи наздик занону духтарони бештарро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Торнигор дар доираи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сохта ва тарроҳӣ шудааст. Барномаи мазкур бо маблағгузории ҳукумати Швейтсария (СЕКО) аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат амалӣ мегардад. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», мегӯяд: торнигори «Суман» ба корхона дар баробари муаррифии расмии худ имкон медиҳад, маҳсулоташро низ аз тариқи фурӯшгоҳи онлайн ба бозор барорад. Торнигор ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас буда, дар он метавон доир ба таъриху дастовардҳои ширкат ва маҳсулоту хадамоташ иттилоъ дарёфт ва ҳамзамон пас аз шиносоӣ бо мушаххасоти вижаи ҳар маҳсулоти пешниҳодӣ метавон онро фармоиш дод.

Март 27, 2012 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд